«ПАРЧАМ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ!»

Тибқи нақшаи чорабиниҳои китобхонаи ДТТ санаи 24 – ноябр бахшида ба «Рўзи Парчами миллӣ» семинар таҳти унвони «ПАРЧАМ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ» баргузор гардид. Дар семинар мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва рушди шахсият И.Шарипов, мудири кафедраи забони тоҷикӣ Н.Одинаев, устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва рушди шахсият К.Карамалишоев ва мудири китобхонаи донишгоҳ С.Абдумуминзода бо маърузаҳо баромад намуданд.

Ҳамзамон бахшида ба «Рўзи Парчами миллӣ» дар китобхонаи донишгоҳ ва даромадгоҳи бинои асосии донишгоҳ намоиши китобӣ баргузор карда шуд.